Биё, имрӯз мо миҳмони мирем

550

Биё, имрӯз мо миҳмони мирем,
Биё, то пеши мири худ бимирем!

Зи марги мо ҷаҳоне зинда гардад,
Азеро мо на қурбони ҳақирем!

Ба мурғе Ҷабраилеро бибандем,
Ба ҷоне мо ҷаҳонеро бигирем!

Сабӯ бидҳему дарёе ситонем,
Чаро мо аз чунин суде нафирем?!

Ғуломи мост азрақпӯши гардун,
Ғуломи хештанро чун асирем?!

Чу мо шерему шири шер хӯрдем,
Чаро чун юз мафтуни панирем?!

Хамуш кун, нест ҳоҷат вонамудан
Ба пеши тир бошӣ, гарчи тирем!