Биё, к-имшаб ба ҷонбахшӣ ба зулфи ёр мемонад

203

Биё, к-имшаб ба ҷонбахшӣ ба зулфи ёр мемонад,
Ҷамоли моҳи нурафшон бад-он рухсор мемонад!

Ба гирди чархи истора чу муштоқони овора,
Ки аз сӯзи дили эшон хирад аз кор мемонад!

Сақои рӯҳ як бода зи ҷоми ғайб дардода,
Бибин, то кист афтода ва кӣ бедор мемонад?!

Ба шаб нолону бедорон наёбӣ ҷуз, ки беморо,
Ва ман гар ҳам наменолам, дилам бемор мемонад!

Дар ин дарёи бемӯнис, дило, менол чун Юнус,
Наҳанги шаб дар ин дарё ба мардумхор мемонад!

Бад-он сон мехурад моро зи хосу ом андар шаб,
На дуккону на савдову на ин бозор мемонад!

Чи шуд Носир Ибодуллоҳ? Чи шуд Ҳофиз Билодуллоҳ?!
Бибин, ҷуз мабдаъи ҷонҳо агар дайёр мемонад!

Фалак бозори кайвонаст, дар ӯ истора гардон аст,
Шаби мо рӯзи эшон аст, ки бе ағёр мемонад!

Ҷуз ин чарху замин дар ҷон аҷаб чарх асту бозоре,
Валек аз ғайрат он бозор дар асрор мемонад!