Боз аз шароби дӯшин сар дар хумор дорам

389

Боз аз шароби дӯшин сар дар хумор дорам,
В-аз боғи васли ҷонон гул дар канор дорам.

Сармаст агар ба савдо барҳам занам ҷаҳоне,
Айбам макун, ки дар сар савдои ёр дорам.

Соқӣ, биёр ҷоме, к-аз зуҳд тавба кардам,
Мутриб, бизан навое, к-аз тавба ор дорам.

Селоби нестиро сар дар вуҷуди ман неҳ,
К-аз хокдони ҳастӣ бар дил ғубор дорам.

Шустам ба оби ғайрат нақшу нигори зоҳир,
К-андар сарочаи дил нақшу нигор дорам.

Мӯсии Тури ишқам, дар водии таманно
Маҷрӯҳи лан таронӣ1 чун худ ҳазор дорам.

Рафтию дар рикобат дил рафту сабру дониш,
Боз о, ки ним ҷоне баҳри нисор дорам.

Чандам ба сар давонӣ, паргорвор гирдат
Саргаштаам, валекин пой устувор дорам.

Ақле тамом бояд, то дил қарор гирад,
Ақл аз куҷову дил ку, то барқарор дорам?

З-он май, ки рехт ишқат дар коми ҷони Саъдӣ,
То бомдоди маҳшар дар сар хумор дорам.


1 Ҳаргиз маро нахоҳӣ дид.