Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям

380

Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям,
Ки мани гумшуда ин раҳ на ба худ мепӯям.

Дар паси ойина тӯтисифатам доштаанд,
Он чи устоди азал гуфт, «бигӯ», мегӯям.

Ман агар хораму гар гул, чаманорое ҳаст,
Ки аз он даст, ки ӯ мекашадам, мерӯям.

Дӯстон, айби мани бедили ҳайрон макунед,
Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷӯям.

Гарчи бо далқи муламмаъ майи гулгун айб аст,
Мекунам айб, к-аз ӯ ранги риё мешӯям.

Хандаву гиряи ушшоқ зи ҷойи дигар аст,
Месароям ба шабу вақти саҳар мемӯям.

Ҳофизам гуфт, ки хоки дари майхона мабӯй,
Гӯ, макун айб, ки ман мушки Хутан мебӯям.