Бо ту он кас, ки зи ҳар ҷо сухане мегӯяд

Бо ту он кас, ки зи ҳар ҷо сухане мегӯяд,
Ҳайфам ояд, ки ҳадиси чу мане мегӯяд.

Ҳеҷ кас сирри даҳонат ба ҳақиқат нашинохт,
Ҳар касе баҳри дили худ сухане мегӯяд.

Бар сари хоки шаҳидони ту ҳар лола ҷудо
Шарҳи доғи дили хунинкафане мегӯяд.

Шамъро шуъла зад оташ ба забон, баски зи сӯз
Ҳоли парвона ба ҳар анҷумане мегӯяд.

Васфи рухсору қади туст, агар дар чамане
Булбуле қиссаи сарву сумане мегӯяд.

Гуфтаи Ҷомӣ аз он ҳамчу шакар ширин аст,
Ки зи завқи лаби шириндаҳане мегӯяд.