Бо ту онон, ки ҳадиси чу мане мегӯянд

Бо ту онон, ки ҳадиси чу мане мегӯянд,
Пеши ҷон қиссаи фарсудатане мегӯянд.

Ман на онам, ки касе пеши ту гӯяд суханам,
Баҳри таскини дили худ сухане мегӯянд.

Андалебон зи сари сарв ба овози баланд
Зикри болои ту дар ҳар чамане мегӯянд.

Накашад хотири ман ҷуз ба ту ҳар ҷо, ки касон
Сухани ишвагаре, ғамзазане мегӯянд.

Кӯҳи ғамҳои туро мекашам аз тешаи сабр,
Манам имрӯз, агар Куҳкане мегӯянд.

Бо ту нозукбадан онҳо, ки зи гул ёд кунанд,
Пеши Юсуф сухани пераҳане мегӯянд.

Сӯзи Ҷомӣ нашуд, ай шамъ, ҳанӯзат равшан,
Гарчи он қисса ба ҳар анҷумане мегӯянд.