Бо ҳар кӣ нишинию қадаҳ нӯш кунӣ

Бо ҳар кӣ нишинию қадаҳ нӯш кунӣ,
Аз рашк маро харобу мадҳуш кунӣ.
Гуфтӣ, ки чу май хурам, туро ёд кунам,
Тарсам, ки шавӣ масту фаромӯш кунӣ.