Бунафша дӯш ба гул гуфту хуш нишоне дод

113

Бунафша дӯш ба гул гуфту хуш нишоне дод,
Ки «тоби ман ба ҷаҳон турраи фалоне дод».

Дилам хизонаи асрор буду дасти қазо
Дараш бибасту калидаш ба дилситоне дод.

Шикаставор ба даргоҳат омадам, ки табиб
Ба мӯмиёии лутфи туам нишоне дод.

Танаш дурусту дилаш шод боду хотир хуш,
Ки даст додашу ёрии нотавоне дод.

Бирав, муолиҷаи худ кун, эй насиҳатгӯ,
Шаробу шоҳиди ширин киро зиёне дод?

Гузашт бар мани мискину бо рақибон гуфт:
Дареғ, Ҳофизи мискини ман, чӣ ҷоне дод.