Бурун шав, ай ғам, аз сина, ки лутфи ёр меояд

212

Бурун шав, ай ғам, аз сина, ки лутфи ёр меояд,
Ту ҳам, ай дил, зи ман гум шав, ки он дилдор меояд!

Нагӯям ёрро шодӣ, ки аз шодӣ гузаштаст ӯ,
Маро аз фарти ишқи ӯ зи шодӣ ор меояд!

Мусалмонон, мусалмонон, мусалмонӣ зи сар гиред,
Ки куфр аз шарми ёри ман мусалмонвор меояд!

Бирав, ай шукр, к-ин ниъмат зи ҳадди шукр берун шуд,
Нахоҳам сабр, гарчи ӯ гаҳе ҳам кор меояд!

Равед, ай ҷумла суратҳо, ки суратҳои нав омад,
Аламҳотон нагун гардад, ки он бисёр меояд!

Дару девори ин сина ҳамедаррад зи анбӯҳӣ,
Ки андар дар намегунҷад, пас аз девор меояд!