Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш

428

Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш,
Ҷамшед туро чокар, хуршед туро мафраш!

Бихром, биё, к-ин дам, валлаҳ, ки намегунҷад
Не меваву не шева, не чарху маҳи маҳваш!

Ҷуз мову туву ҷоме дарё кафи хушноме,
Чун дег маҷӯш аз ғам, чун рег биё, даркаш!

З-он сӯй чу бигзаштам, шаш-панҷзанаш гаштам,
Ё Раб, ки чиҳо дорад з-он ҷониби панҷу шаш?!

Носохта афтодам дар доми ту, ай хушдам,
Ай бодаи дар бода, ай оташи дар оташ!

Не бас куну не бас кун, худро ҳама ахрас1 кун,
К-ин нест қироъоте, к-аш фаҳм кунад ахфаш2!


1 Безабон, лол, гунг.
2 Нобино, кӯр.