Вақте афтод фитнае дар Шом

Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони донишманд
Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.