Ваҳ, ки он султон ба мазлумон нигоҳе ҳам накард

Ваҳ, ки он султон ба мазлумон нигоҳе ҳам накард
В-аз такаббур гӯш сӯйи додхоҳе ҳам накард.

Баҳри побӯсӣ ба роҳаш солҳо будем хок,
Ҳаргиз он бадхӯ гузар бар хоки роҳе ҳам накард.

Дил, ки мезад лофи сабр аз моҳи рӯяш солҳо,
Кай тавонад сабр аз ӯ соле, ки моҳе ҳам накард.

Ҳар кӣ бо рӯйи чу зар гашт аз гадоёни дараш,
Моили моле нашуд, парвои ҷоҳе ҳам накард.

Кист ошиқ? – Бедиле, к-аз тирборони ҷафо
Хӯрд сад захми ҷафо бар ҷону оҳе ҳам накард.

Бар дару девори худ нагзошт, соям рӯйи зард,
Оҳ, к-аз ман эътибори барги коҳе ҳам накард.

Ман надонам аз чӣ шуд Ҷомӣ чунин беобрӯй,
Гарчи аз вай н-омад эҳсоне, гуноҳе ҳам накард.