Гар газандат расад зи халқ, маранҷ

Гар газандат расад зи халқ, маранҷ,
Ки на роҳат расад зи халқ, на ранҷ.

Аз Худо дон хилофи душману дӯст,
Ки дили ҳар ду дар тасарруфи ӯст.

Гарчи тир аз камон ҳамегузарад,
Аз камондор бинад аҳли хирад.