Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад

228

Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад,
Чун ҳукми Худо ояд, он зеру забар бошад.

Бар ҳарчи умедастат, кай гирад ӯ дастат?!
Бар шакли асо ояд в-он мори дусар бошад!

В-он ғусса, ки мегӯйӣ: «Он чора накардам дӣ!»,
Ҳар чора, ки пиндорӣ, он низ ғурар1 бошад.

Худ карда шумар онро, чӣ хезад аз он савдо,
Андар пайи сад чун он сад доми дигар бошад!

Он чора ҳамекардам, он мот намеомад,
Он чораи лангатро охир чӣ асар бошад?!

Аз мот ту қуте кун, ёқут шав ӯро ту,
То ӯ ту шавӣ, ту ӯ, ин ҳисну мафар бошад!


1 Аломати нек, фоли накӯ.