Гар ҷон ба ҷуз ту хоҳад, аз хеш барканемаш

442

Гар ҷон ба ҷуз ту хоҳад, аз хеш барканемаш,
В-ар чарх саркаш ояд, бар ҳамдигар занемаш!

Гар рахти хеш хоҳад, мо рахти ӯ диҳемаш,
В-ар қалъаҳо дарояд, вайронаҳо кунемаш!

Гар ин ҷаҳон чу ҷон аст, мо ҷони ҷони ҷонем,
В-ар ин фалак сар омад, мо чашми равшанемаш!

Бехи дарахт хок аст в-ин чарх шоху баргаш,
Олам дарахти зайтун, мо ҳамчу равғанемаш!

Чун ишқи Шамси Табрез оҳанрабой бошад,
Мо бар тариқи хидмат монанди оҳанемаш!