Гувоҳӣ амин аст бар дарди ман

469

Гувоҳӣ амин аст бар дарди ман,
Сиришки равон бар рухи зарди ман.

Бибахшой бар нолаи андалеб,
Ало, эй гули нозпарварди ман,

Ки ҳар дам бад-ин навъ бошад фироқ,
Ба назди ту бод оварад гарди ман.

Кӣ дидаст ҳаргиз чунин оташе,
К-аз ӯ мебарояд дами сарди ман?!

Фиғони ман аз дасти ҷаври ту нест,
Ки аз толиъи модароварди ман.

Ман андархури бандагӣ нестам,
В-аз андоза берун ту дарх(в)арди ман.

Бадандеши нодон, ки матруд бод,
Надонам, чӣ мехоҳад аз тарди ман.

В-агар худ ман онам, ки инам сазост,
Бибихшу магир, эй ҷавонмарди ман.

Ту маъзур дорӣ ба инъоми хеш,
Агар заллате1 омад аз карди ман.

Ту дарде надорӣ, ки дардат мабод,
Аз он раҳматат нест бар дарди ман.


1 Лағзиш.