Гулбаргро зи сунбули мушкин ниқоб кун

395

Гулбаргро зи сунбули мушкин ниқоб кун,
Яъне, ки рух бипӯшу ҷаҳоне хароб кун.

Бифшон арақ зи чеҳраву атрофи боғро
Чун шишаҳои дидаи мо пургулоб кун.

Айёми гул чу умр ба рафтан шитоб кард,
Соқӣ, ба даври бодаи гулгун шитоб кун.

Бигшо ба шева наргиси пурхоби мастро
В-аз рашк чашми наргиси раъно ба хоб кун.

Бӯйи бунафша бишнаву зулфи нигор гир,
Бингар ба ранги лолаву азми шароб кун.

З-он ҷо расму одати ошиқкушии туст,
Бо душманон қадаҳ кашу бо мо итоб кун.

Ҳамчун ҳубоб дида ба рӯйи қадаҳ гушой
В-ин хонаро қиёси асос аз ҳубоб кун.

Ҳофиз висол металабад аз раҳи дуо,
Ё Раб, дуои хастадилон мустаҷоб кун.