Гуфтамаш: – Ай сахтдил, аҳди ту суст аст аз нахуст…

Гуфтамаш: – Ай сахтдил, аҳди ту суст аст аз нахуст,
Гуфт: – То кай гӯйиям дар рӯй чандин сахту суст?

Гуфтамаш: – Дар ошиқӣ мо ринду бебокему маст,
Гуфт: – Дар ошиқкушӣ мо низ чолокему чуст.

Гуфтамаш: – Дар хоки меҳнат дона мепошам зи ашк,
Гуфт: – Аз ин тухму замин ҷуз донаи ҳасрат наруст.

Гуфтамаш: – Умрест меҷӯям зи лаълат коми дил,
Гуфт: – Ошиқ нест он, к-аз дӯст коми хеш ҷуст.

Гуфтамаш: – Гулро ба боғ ин сурхрӯйӣ аз куҷост?
Гуфт: – К-аз хуни дили ғунча зи рашкам чеҳра шуст,

Гуфтамаш: – Сарриштае хоҳам ба каф сӯят кашон,
Гуфт: – Ин сарришта гар аҳли дилӣ, дар дасти туст.

Гуфтамаш: – Санги ҷафоят хотири Ҷомӣ шикаст,
Гуфт: – Чун бар шиша ояд санг, кай монад дуруст.