Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз

261

Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз,
Биё, ки дар тани мурда равон дарояд боз.

Биё, ки фурқати ту чашми ман чунон дарбаст,
Ки фатҳи боби висолат магар кушояд боз.

Ғаме, ки чун сипаҳи Занг мулки дил бигирифт,
Зи хайли шодии Руми рухат зудояд боз.

Ба пеши оинаи дил ҳар он чи медорам,
Ба ҷуз хаёли ҷамолат наменамояд боз.

Бад-он масал, ки шаб обистан аст, дур аз ту
Ситора мешумарам, то ки шаб чӣ зояд боз?

Биё, ки булбули матбӯи хотири Ҳофиз
Ба бӯйи гулбуни васли ту месарояд боз.