Дар бари мо шудаст дилбари мо

57

Дар бари мо шудаст дилбари мо,
Гули мо беҳад асту шаккари мо!

Мо ҳамеша миёни гулшакарем,
З — он дили мо қавист дар бари мо!

Зуҳра дорад ҳаводиси табъӣ,
Ки бигардад ба гирди лашкари мо!

Мо ба пар мепарем сӯйи фалак,
З — он ки аршист асли ҷавҳари мо!

Сокинони фалак бухур кунанд
Аз сифоти хуши муъанбари мо!

Ҳама насрину арғавону гул аст
Бар замини шоҳроҳи кишвари мо!

На бихандад, на бишкуфад олам
Бе насими дами мунаввари мо!

Зарраҳои ҳаво пазирад рӯҳ
Аз дами ишқи рӯҳпарвари мо!

Гӯшҳо гаштаанд маҳрами ғайб
Аз забону дили суханвари мо!

Шамси Табрез абрсӯз шудаст,
Сояаш кам мабод аз сари мо!