Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол

Дар даҳонат шак аст в-он ду-се хол,
Гирди лаб нуқтаҳост шакли дол.

Қосиранд аз мисоли қомати ту
Нахлбандони коргоҳи хаёл.

Нест мурғи ҳавои ишқи туро
Ҳеҷ чизе беҳ аз фароғати бол.

Бехуданд аз ҷамоли талъати ту
Сокинони сародиқоти1 ҷалол.

Бин сиришки маро, ки аз хотир
Шӯяд оби равон ғубори малол.

Ҳолат аз бонги най чӣ суд, ай шайх,
Чун наӣ воқиф аз ҳақиқати ҳол.

Умри Ҷомӣ аз он даҳону миён
Меравад дар хаёлҳои муҳол.


1 Сародиқот – ҷ. сародиқ – саропарда, чодир, хайма.