Дар ойина чун бинам нақши ту, ба гуфт орам

513

Дар ойина чун бинам нақши ту, ба гуфт орам,
Ойина нахоҳад дам, ай вой зи гуфторам!

Дар об туро бинам, дар об занам дасте,
Ҳам тира шавад обам, ҳам тира шавад корам!

Ай дӯст, миёни мо «ай дӯст!» намегунҷад,
Ай ёр агар гӯям «ай ёр!» намеёрам!

З-он роҳ, ки оҳ омад, то боз равад он раҳ,
Ман роҳи даҳон бастам, ман нола намеорам!

Гар нолаву оҳ омад, з-он пардаи моҳ омад,
Наззораи маҳ хуштар, ай моҳи даҳу чорам!