Дар пардаи дил бингар сад духтари обистон

673

Дар пардаи дил бингар сад духтари обистон,
З-он ганҷгаҳи дилҳо, з-он саҷдагаҳи мастон!

Бишнав, чӣ ба асрорам меояд аз он торам,
Як дам, ки аз ин сӯ о, як дам, ки қадаҳ бистон!

Дар арбада афтода аз ишқи чунин хубон
Ҳам лашкари Туркистон, ҳам лашкари Ҳиндустон!

Аз ақл бипурсидам, к-ин шуҳрабутон чунанд?!
Гуфто: «Пинҳонсурат, пайдо ба фану дастон!».

Дар шарқ худовандӣ Шамсулҳақи Табрезӣ,
Оянду раванд инҳо дар ҳар чаману бустон!