Дар чашми ман омад он сиҳӣ сарви баланд

Дар чашми ман омад он сиҳӣ сарви баланд,
Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд.
Ин дидаи шӯх мекашад дил ба каманд,
Хоҳӣ, ки ба кас дил надиҳӣ, дида бибанд.