Дер омадайӣ, марав шитобон

699

Дер омадайӣ, марав шитобон,
Ай рафтани ту чу рафтани ҷон!

Дер омадану шитоб рафтан
Ойини гул аст дар гулистон!

Гуфтӣ: «Чунӣ?!» Чунон ки моҳӣ
Афтода миёни реги сӯзон!

Чун бошад шаҳр, шаҳрёро,
Бе давлати доду адли султон?!

Ман бе ту наям, валек хоҳам
Он бо туе, ки ҳаст пинҳон!

Шаб партави офтоб ҳам ҳаст,
Хоса ба тамузи гарму тафсон!

Қониъ нашавад ба гармии ӯ
Ҷуз хаффоше зи бими мурғон!

Гармӣ хоҳанду равшанӣ ҳам,
Мурғон, ки муъавваданд бо он!

Мо васфи ду ҷинси мурғ гуфтем,
Бингар, зи кадомӣ, ай ғазалхон?!