Дер омадайӣ, сафар макун зуд

259

Дер омадайӣ, сафар макун зуд,
Ай мояи ҳар муроду ҳар суд!

Ай з-оташи азми рафтани ту
Аз биниҳо баромада дуд!

Ҳар уд талаф шавад зи оташ,
Дар оташат аст иди ҳар уд!

Уммеди ту ҳар даме бигӯяд,
Дастат гирам ба фазли худ зуд!

Аммо ту магӯ, ки ҷаҳду кӯшиш
Судам накунад, ки буданӣ буд!

Маъзул макун ту қудратамро,
Ман баста наям чу тор дар пуд!

Ҳар лаҳза бикоҳамат, чу хоҳам,
В-аз фазл тавонамат бияфзуд!

Барбанд даҳон зи гуфту сар ниҳ
Дар саҷдаи дӯст, к-ӯст масҷуд!