Дидам гули тоза чанд даста

Дидам гули тоза чанд даста
Бар гунбаде аз гиёҳ руста.

Гуфтам: Чӣ бувад гиёҳи ночиз,
То дар сафи гул нишинад ӯ низ?

Бигрист гиёҳу гуфт: Хомӯш,
Суҳбат накунад карам фаромӯш,

Гар нест ҷамолу рангу бӯям,
Охир, на гиёҳи боғи ӯям?

Ман бандаи ҳазрати каримам,
Парвардаи неъмати қадимам.

Гар беҳунарам в-агар ҳунарманд,
Лутф аст умедам аз Худованд.

Бо он ки бизоате надорам,
Сармояи тоате надорам,

Ӯ чораи кори банда донад,
Чун ҳеч василаташ намонад.

Расм аст, ки моликони таҳрир
Озод кунанд бандаи пир.

Эй бор Худои оламорой,
Бар бандаи пири худ бибахшой.

Саъдӣ, раҳи каъбаи ризо гир,
Эй марди Худо, дари Худо гир!

Бадбахт касе, ки cap битобад
3-ин дар, ки даре дигар наёбад.