Эй дарунат бараҳна аз тақво

Эй дарунат бараҳна аз тақво,
К-аз бурун ҷомаи риё дорӣ,
Пардаи ҳафтранг дармагузор
Ту, ки дар хона бурё дорӣ!