Агар кишвархудои комрон аст

Агар кишвархудои комрон аст
В-агар дарвеш хоҷатманди нон аст,

Дар он соат, ки хоҳанд ину он мурд,
Нахоҳанд аз ҷаҳон беш аз кафан бурд.

Чу рахт аз мамлакат барбаст хоҳӣ,
Гадоӣ беҳтар аст аз подшоҳӣ.