Дилбари бегонасурат миҳр дорад дар ниҳон

707

Дилбари бегонасурат миҳр дорад дар ниҳон,
Гар забонаш талх гӯяд, қанд дорад дар даҳон!

Аз дарунсӯ ошнову аз бурун бегонарӯ,
Инчунин пурмиҳр душман ман надидам дар ҷаҳон!

Чунки дилбар хашм гирад, ишқи ӯ мегӯядам:
«Ошиқи ношӣ мабошу рӯ магардон, ҳону ҳон!».

Рост монад талхии дилбар ба талхии шароб,
Созвор андар мизоҷу талхи талх андар забон!

Пеши ӯ мурдан ба ҳар дам аз шакар ширинтар аст,
Мурда донад ин суханро, ту мапурс аз зиндагон!

Шод рӯзе, к-ин ғазалро ман бихонам пеши ишқ,
Саҷда орам бар замину ҷон супорам дарзамон!

Мурғи ҷонро ишқ гӯяд: «Майл дорӣ дар қафас?»
Мурғ гӯяд: «Ман туро хоҳам, қафасро бардарон!»