Диле кӣ дид, ки ғоиб шудаст аз ин дарвеш

338

Диле кӣ дид, ки ғоиб шудаст аз ин дарвеш,
Гирифта аз сари мастию ошиқӣ сари хеш?

Ба дасти он ки фитодаст, агар мусулмон аст,
Магар ҳалол надорад мазолими дарвеш?

Дили шикаста мурувват1 бувад, ки боздиҳанд,
Кӣ бозмедиҳад ин дардмандро дили реш?

Маҳи дуҳафта асираш гирифту банд ниҳод,
Ду ҳафта рафт, ки аз вай хабар наёмад беш.

Рамидае, ки на аз хештан хабар дорад,
На аз маломати бегонаву насиҳати хеш.

Ба шодкомии душман касе сазовор аст,
Ки нашнавад сухани дӯстони некандеш.

Кунун ба сахтию осонияш бибояд сохт,
Ки дар табиати занбур нӯш бошад неш.

Дигар ба ёри ҷафокор дил манеҳ, Саъдӣ,
Намедиҳему ба шӯхӣ ҳамебаранд аз пеш.


1 Ҷавонмардӣ.