Дил, ки дар боғ зи ҳар гул ғами ёраш гирад

Дил, ки дар боғ зи ҳар гул ғами ёраш гирад,
Мурғи нолон сабақ аз нолаи зораш гирад.

Мекунад по ба рикоб он маҳу ман мемирам,
Ки чунин танг чаро з-ин ба канораш гирад.

Абрваш чун нигарам хатти хушаш пеши назар,
Кам тавон дид маҳи нав, ки ғубораш гирад.

Ҳалқаи гесуи ӯ тавқи бало шуд ҷонро,
Оҳ, агар хатти сияҳ гирди узораш гирад.

Муддаӣ гуфт зари холисам аз санги бало
Маҳаки таҷрибае ку, ки иёраш1 гирад.

Гар ба Маҷнун гузарад ноқаи Лайлӣ паси марг,
Даст берун кунад аз хоку маҳораш2 гирад.

Ҳолиё, з-он лаби майгун шуда Ҷомӣ мастат,
Войи рӯзе, ки аз он бода хумораш гирад.


1 Иёр – меъёр ва тарозуи зарсанҷ.
2 Маҳор –инони уштур.