Ду ҳафта мегузарад, к-он маҳи дуҳафта надидам

381

Ду ҳафта мегузарад, к-он маҳи дуҳафта надидам,
Ба ҷон расидам аз он, то ба хидматаш нарасидам.

Ҳариф аҳди муваддат шикасту ман нашикастам,
Халил бехи иродат буриду ман набуридам.

Ба коми душманам, эй дӯст, оқибат бинишондӣ,
Ба ҷои худ, ки чаро панди дӯстон нашунидам.

Маро ба ҳеч бидодӣ хилофи шарти муҳаббат,
Ҳанӯз бо ҳама айбат ба ҷону дил бихаридам.

Ба хоки пои ту гуфтам, ки то ту дӯст гирифтам,
Зи дӯстони маҷозӣ чу душманон бирамидам.

Қасам ба рӯи ту гӯям аз он замон, ки бирафтӣ,
Ки ҳеч рӯй надидам, ки рӯй дарнакашидам.

Туро бибинаму хоҳам, ки хоки пои ту бошам,
Маро бибинию чун бод бигзарӣ, ки надидам.

Миёни халқ надидӣ, ки чун давидамат аз пай,
Зиҳӣ хиҷолати мардум, чаро ба сар надавидам?

Шакар хуш аст, валекин ҳаловаташ ту надонӣ,
Ман ин муомила донам, ки табъи сабр чашидам.

Маро равост, ки даъво кунам ба сидқи иродат,
Ки ҳеч дар ҳама олам ба дӯст барнагузидам.

Бинол, мутриби маҷлис, бигӯй гуфтаи Саъдӣ,
Шароби унс биёвар, ки ман на марди набидам.