Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем

376

Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем,
Сухани пири муғон асту ба ҷон бинюшем.

Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад,
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.

Хуш ҳавоест фарахбахш, Худоё, бифирист
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.

Арғанунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст,
Чун аз ин ғусса нанолему чаро нахрӯшем?

Гул ба ҷӯш омаду аз май назадемаш обе,
Лоҷарам з-оташи ҳирмону ҳавас меҷӯшем.

Мекашем аз қадаҳи лола шаробе мавҳум,
Чашми бад дур, ки бе бодаву май мадҳушем.

Ҳофиз, ин ҳоли аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо
Булбулонем, ки дар мавсими гул хомӯшем.