Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесӯйи ту буд

210

Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесӯйи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯйи ту буд.

Дил, ки аз новаки мижгони ту дар хун мегашт,
Боз муштоқи камонхонаи абрӯи ту буд.

Ҳам афаллоҳ сабо, к-аз ту паёме медод
В-арна дар кас нарасидем, ки аз кӯйи ту буд.

Олам аз шӯру шари ишқ хабар ҳеч надошт,
Фитнаангези ҷаҳон ғамзаи ҷодуи ту буд.

Мани саргашта ҳам аз аҳли саломат будам,
Доми роҳам шикани турраи ҳиндуи ту буд.

Бигушо банди қабо, то бигушояд дили ман,
Ҳар гушоде, ки маро буд, зи паҳлӯи ту буд.

Ба вафои ту, ки бар турбати Ҳофиз бигузар,
К-аз ҷаҳон мешуду дар орзуи рӯйи ту буд.