Зинҳор маро магӯ, ки пирам

560

Зинҳор маро магӯ, ки пирам,
Пириву фано куҷо пазирам?

Ман моҳии чашмаи ҳаётам,
Ман ғарқаи баҳри шаҳду ширам.

Ҷуз аз лаби лаъли ҷон нанӯшам,
Ғайри сари зулфи ӯ нагирам.

Гар каж ниҳадам камони абрӯ,
Дар ҳукми камони ӯ чу тирам.

Андохтаӣ чу тир дурам,
Баргир, ки аз ту ногузирам.

Паррам ту диҳӣ, чаро напаррам?
Мирам чу туӣ, чаро бимирам?