Зи бас оҳи ғамат з-ин ҷони оташнок хоҳам зад

Зи бас оҳи ғамат з-ин ҷони оташнок хоҳам зад,
Зи дуди оҳи шабгун хайма бар афлок хоҳам зад.

Чу ойӣ аз сафар, то гирамат бе пераҳан дар бар,
Зи шавқи ту гиребон то ба домон чок хоҳам зад.

Ба сар хоҳам зи ҷаврат хок кардан, чун кунӣ ҷилва,
Бад-ин ҳилла ба чашм аҳли ғаразро хок хоҳам зад.

Чу ту заҳраш диҳӣ, ҷоно, табибам, гӯ, маё бар сар,
Ки сангаш бе лабат бар ҳуққаи тарёк хоҳам зад.

Зи хошок аст гулбун хирмане, гар бо рухат лофад,
Ба ҷойи гул зи оҳаш шуъла дар хошок хоҳам зад.

Пас аз куштан ба хокам гар савора бигзарӣ рӯзе,
Зи зери хок дастат дар хами фитрок хоҳам зад.

Чу Ҷомӣ дафтари номи бутон хоҳад зи ман, номат
Рақам дар вай бути хунхораи бебок хоҳам зад.