Зи сар бигирам айше, чу по ба ганҷ фурӯ шуд

320

Зи сар бигирам айше, чу по ба ганҷ фурӯ шуд,
Зи рӯйи пушту паноҳе, ки пуштҳо ҳама рӯ шуд!

Дигар нашинам ҳаргиз ба роҳи дил, ки барояд,
Куҷо барояд он дил, ки кӯйи ишқ фурӯ шуд?!

Муваккилон чу оташ зи ишқ сӯйи ман оянд,
Ба сӯйи ишқ гурезам, ки ҷумла фитна аз ӯ шуд!

Ки дар сарам зи шаробаш на чашм монд, на хобаш,
Ба дасти соқии нобаш магар сарам чу каду шуд?!

Ба хони ишқ нишастам, чашидам аз намаки ӯ,
Чу луқма кардам худро, маро чу ишқ гулӯ шуд!

Сабӯбадаст давидам ба ҷӯйбори маъонӣ,
Ки об гашт сабӯям, чу оби ҷон ба сабӯ шуд!

Намози шом бирафтам ба сӯйи турфаи румӣ,
Чу дид бар дари хешам, зи бом зуд фурӯ шуд!

Сар аз дарича бурун кард чу шуълаҳои мунаввар,
Ки бому хонаву банда ба ҷумлагӣ ҳама ӯ шуд!

Ниҳем даст даҳон — бар, ки нозук аст маъонӣ,
Зи Шамси мафхари Табрез сӯхт ҷону ҳамӯ шуд!