Зулфи ту умри мост мегӯем

Зулфи ту умри мост мегӯем,
Ин сухан умрҳост мегӯем.

Баҳри ҷону дил он ду рухсора,
Гуна-гуна балост мегӯем.

Хатти ту гуфтаанд мушки Хито,
Ин ҳикоят хатост мегӯем.

Манъ то кай зи носазои рақиб,
Он чӣ ӯро сазост мегӯем.

Дар вафои ту рост чун алифем,
Ба вафоят, ки рост мегӯем.

Мебарӣ ном, ним лаҳза фироқ,
Тоқати он кирост, мегӯем.

Бо ҳадиси лаби ту Ҷомиро
Мурғи шириннавост мегӯем.