Имрӯз нигори мо наёмад

256

Имрӯз нигори мо наёмад,
Он дилбару ёри мо наёмад!

Он гул, ки миёни боғи ҷон аст,
Имшаб ба канори мо наёмад!

Саҳро гирем ҳамчу оҳу,
Чун мушки татори мо наёмад!

Ай равнақи мутрибон, ҳамин гӯ,
К-ин равнақи кори мо наёмад!

Ором мадиҳ ту ною дафро,
К-орому қарори мо наёмад!

Он соқии ҷон нагашт пайдо,
Дармони хумори мо наёмад!

Шамси Табрез, шарҳ фармо,
Чун фасли баҳори мо наёмад?!