Имрӯз саркашонро ишқат зи ҷилва кардан

743

Имрӯз саркашонро ишқат зи ҷилва кардан
Овард бори дигар як-як бибаста гардан!

Рав, рав, ту дар гулистон, бингар ба гулпарастон,
Як лаҳза саҷда кардан, як лаҳза бода хӯрдан!

Нагзорад он шакархӯ бар мо зи мо яке мӯ,
Чун сӯфиёни ҷонро ин аст сар супурдан!

Дандони ту чу шуд суст, бар ҷо-ш дигаре руст,
Медон, ки ҳамчунин аст бар мурда ҷон супурдан!

Ай хасми Шамси Табрез, ай дузди роҳу мункир,
Мебош дар шиканҷа аз хешу дар фушурдан!