Ишқ гузин, ишқу дар ӯ кавкаба мерону матарс!

417

Ишқ гузин, ишқу дар ӯ кавкаба мерону матарс!
Ай дили ту ояти Ҳақ, мусҳафи каж хону матарс.

Ҷонварӣ, лоҷарам аз фурқати ҷон меларзӣ,
Ре биҳилу вов биҳил, шав ҳамагӣ ҷону матарс!

Чун ту гумонӣ абадан, хойифӣ аз рӯзи яқин,
Айни гумонро ту ба сар айни яқин дону матарс.

Дар дили кон нақди зарӣ, ғойибӣ аз дидани худ,
Рақскунон, шуълазанон барҷаҳ аз ин кору матарс!

Дил зи ту бурҳон талабад, сояи бурҳон на туйӣ,
Бар масал соя бирав боз ба бурҳону матарс!

Соя, ки фонӣ кунадаш талъати хуршеди бақо,
Соя махонаш, ту дигар, ибрати мо хону матарс!