Касе, ки ҳусни хати дӯст дар назар дорад

116

Касе, ки ҳусни хати дӯст дар назар дорад,
Муҳаққақ аст, ки ӯ ҳосили басар дорад.

Чу хома дар раҳи фармони ӯ сари тоат
Ниҳодаем, магар ӯ ба теғ бардорад.

Касе ба васли ту чун шамъ ёфт парвона,
Ки зери теғи ту ҳар дам саре дигар дорад.

Ба пойбӯси ту дасти касе расид, ки ӯ
Чу остона бад-ин дар ҳамеша сар дорад.

Зи зуҳди хушк малулам, куҷост бодаи ноб,
Ки бӯйи бода мудомам димоғ тар дорад.

Зи бода ҳечат агар нест, ин на бас, ки туро
Даме зи васвасаи ақл бехабар дорад?!

Касе, ки аз раҳи тақво қадам бурун наниҳод,
Ба азми майкада акнун раҳи сафар дорад.

Дили шикастаи Ҳофиз ба хок хоҳад бурд,
Чу лола доғи ҳавое, ки дар ҷигар дорад.