Кас бе касе намонад, медон ту ин қадар

396

Кас бе касе намонад, медон ту ин қадар,
Гар бо яке насозӣ, ояд яке дигар!

З-ин хона гар равам ману хона тиҳӣ кунам,
Ояд яке дигар чу мане ё зи ман батар!

Мерос мондааст ҷаҳон аз ҳазор қарн,
Чун шуд ба зери хок падар, шуд писар падар!

Танҳо на одамӣ, ҳайвон низ ҳамчунин,
Вар не, надидайӣ ту дар офоқ ҷонвар!

Шаб офтоб агар биравад ҳам зи боми чарх,
Бар ҷойи офтоб ситора-ст ё қамар!

Гар тарки як ҳунар бикунад мард, табъи ӯ
Машғули кори дигар гашту дигар ҳунар!

Зеро ки бар дили ҳама халқон муваккалест,
Бекорашон надораду беёру бесафар!