Кош, к-онон, ки айби ман ҷустанд

Кош, к-онон, ки айби ман ҷустанд,
Рӯят, эй дилситон, бидидандӣ,
То ба ҷои турунҷ дар назарат
Бехабар дастҳо буридандӣ.