Кушод ганҷи ҷавоҳир ба бӯстон жола

Кушод ганҷи ҷавоҳир ба бӯстон жола,
Ба фарқи сарву суман шуд гуҳарфишон жола.

Гусаст субҳаи рӯҳониён, ки сӯйи замин
Фитад чу муҳраи тасбеҳ аз осмон жола.

Миёни шоху шукуфа хуш иҷтимое буд,
Ки санги тафриқа андохт дар миён жола.

Гирифт баччаи тӯтӣ ҳама бисоти чаман,
Чу тӯтии фалак андохт байзасон жола.

Дароз кард дар авсофи гул забон савсан,
Зи ғайраташ гираҳ афганд бар забон жола.

Гуҳар зи баҳр шавад зода, акси он бингар,
Чу селҳо кунад аз ҳар тараф равон жола.

Чу ошиқе, ки занад сангреза бар маъшуқ,
Ба боғ шоҳиди гулро кунад нишон жола.

Дукони шишагар аст он ҳубоби оби шамар1,
Ки санг мефиганад сӯйи он дукон жола.

Чу буттаест шуда сурх лола, к-аш ҳар дам
Пайи гудоз ниҳад сим дар даҳон жола.

Каломи муддаию Ҷомӣ он замон, ки шавад
Дар имтиҳон гуҳари риштаи баён жола.

Бувад ду қатраи нозилшуда зи файзи саҳоб,
Ки гардад ин ба масал дурри нобу он жола.


1 Шамар – обгир, ҳавз.