Куҷойӣ, соқиё, дардиҳ мудомам

558

Куҷойӣ, соқиё, дардиҳ мудомам,
Ки ман аз ҷон ғуломатро ғуломам!

Май андардиҳ, тиҳидастам чӣ дорӣ,
Ки аз хуни ҷигар пур гашт ҷонам!

Зи нанги ман нагӯяд номи ман кас,
Чу ман марде чи ҷойи нангу номам?!

Чу бар ҷомам задӣ шамшери ишқат,
Тамомам кун, ки зиндай нотамомам!

Гаҳам зоҳид ҳамехонанду гаҳ ринд,
Мани мискин надонам, то кадомам?!

Зи ман чун шамъ то як зарра боқист,
Нахоҳад буд ҷуз оташ мақомам!

Маро ҷуз сӯхтан роҳи дигар нест,
Биё, то хуш бисӯзам, з-он ки хомам!