Лаҳзае, қиссакунон, қиссаи Табрез кунед

288

Лаҳзае, қиссакунон, қиссаи Табрез кунед,
Лаҳзае қиссаи он ғамзаи хунрез кунед!

Дар фироқи лаби чун шаккари ӯ талх шудем,
З-он шакарҳои худоёна шакаррез кунед!

Ҳиндуе шаб сари зулфайн бибуррад зи тамаъ,
Зулфи ӯ гар бифишонед, абирбез1 кунед!

Бас забон, к-аз сифати он лаби ӯ кунд шавад,
Чун синони назар аз давлати ӯ тез кунед!

Ай басо шаб, ки зи нури маҳи ӯ рӯз шавад,
Гар чу маҳ дар талабаш шеваи шабхез кунед!

Вақти шамшер бувад, воситаҳо баргиред,
Сирф оред, нахоҳем, ки омез кунед!

Шамси Табрез, ки Хуршед яке зарраи ӯст,
Зарраро Шамс магӯедашу парҳез кунед!


1 Мухаффафи абӣрбез – абӣрафшон.