Ман аз ту сабр надорам, ки бе ту биншинам

424

Ман аз ту сабр надорам, ки бе ту биншинам,
Касе дигар натавонам, ки бар ту бигзинам.

Бипурс ҳоли ман, охир, чу бигзарӣ рӯзе,
Ки чун ҳамегузарад рӯзгори мискинам!

Ман аҳли дӯзахам, ар бе ту зинда хоҳам шуд,
Ки дар биҳишт наёрад Худой ғамгинам.

Надонамат, ки чӣ гӯям, ту ҳар ду чашми манӣ,
Ки бе вуҷуди шарифат ҷаҳон намебинам.

Чу рӯи дӯст набинӣ, ҷаҳон надидан беҳ,
Шаби фироқ манеҳ шамъ пеши болинам.

Зарурат аст, ки аҳди вафо ба сар барамат,
В-агар ҷафо ба сар ояд ҳазор чандинам.

На ҳованам, ки бинолам ба кӯфте аз ёр,
Чу дег бар сари оташ нишон, ки биншинам.

Бигард бар сарам, эй осиёи даври замон,
Ба ҳар ҷафо ки тавонӣ, ки санги зеринам.

Чу булбул омадамат, то чу гул сано гӯям,
Чу лола лол бикардӣ забони таҳсинам.

Чу нофи оҳу хунам бисӯхт дар дили санг,
Бирафт дар ҳама офоқ бӯи мушкинам.

Ҳунар биёру забоноварӣ макун, Саъдӣ,
Чӣ ҳоҷат аст, бигӯяд шакар, ки ширинам?