Ман гӯшкашон гаштам аз Лайливу аз Маҷнун

679

Ман гӯшкашон гаштам аз Лайливу аз Маҷнун,
Он мекашадам з-он сӯ в-ин мекашадам з-ин сун!

Як гӯш ба дасти ин, як гӯш ба дасти он,
Ин мекашадам боло в-он мекашадам ҳомун!

Аз дасти кашокаш ман в-аз дасти пуроташ ман
Мегардаму менолам чун чанбараи гардун!

Он лаҳза, ки беҳушам, з-эшон бираҳад гӯшам,
Меғалтам чун шоҳон дар атласу дар аксун!

Ман ошиқи он рӯзам медарраму медӯзам,
Дар хирқаи бечунӣ мезан тигиле, бечун!